Бо назардошти рӯзҳои истироҳати маъмулӣ ва рӯзҳои ид, моҳи майи соли ҷорӣ сокинони Тоҷикистон 12 рӯз истироҳат мекунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонуни кишвар «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзи истироҳат, яъне шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи минбаъда низ рӯзи истироҳат мешавад.
Масалан, санаи 9 май, рӯзи ҷашни Иди Ғалаба имсол ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи минбаъдаи корӣ, яъне душанбеи ҳафтаи оянда низ рӯзи истироҳат аст.
Ҳамин тариқ, моҳи оянда шаҳрвандони Тоҷикистон 12 рӯз – рӯзҳои 1,2,3,9,10, 11, 16, 17, 23, 24, 30 ва 31 май истироҳат мекунанд.



