QNet фаъолияташро тариқи агентии маҳаллӣ идома медиҳад

Меҳрангез Турсунзода

Намояндагии QNet дар Тоҷикистон барҳам хӯрда, ширкат тибқи қарордод тариқи агентии маҳаллии ҶДММ «ТАКТ-Сервис»  ба фаъолияти худ идома мебахшад. Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 18 март дар ВАО-и расмӣ дар бораи барҳам хӯрдани ширкати QNet эълонҳо ба нашр расида буданд. Аз ширкати QNet ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин тарзи фаъолият як […]



Намояндагии QNet дар Тоҷикистон барҳам хӯрда, ширкат тибқи қарордод тариқи агентии маҳаллии ҶДММ «ТАКТ-Сервис»  ба фаъолияти худ идома мебахшад.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 18 март дар ВАО-и расмӣ дар бораи барҳам хӯрдани ширкати QNet эълонҳо ба нашр расида буданд.

Аз ширкати QNet ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин тарзи фаъолият як таҷрибаи байнулмилалист, ки як қисмати фаъолияти муайян ба шарикон дода мешавад, то ки пешниҳоди хизматгузориҳо пурсамар гардида, захираҳо сарфа шаванд.

QNet ширкатест, ки ба фурӯши мустақим тавассути маркетинги шабакавӣ ба воситаи Интернет машғул аст. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз қабили Гонконг, Сингапур, Тайиланд, Филипин, Ҳиндустон, Туркия, Арманистон, Индонезия, Малайзия, Русия ва ғайра расман ба қайд гирифта шудааст.

Ширкат соли 1998 дар Гонконг таъсис ёфта, дар самтҳои фурӯши мол ва маҳсулоти эксклюзивӣ, пешниҳоди хизматгузориҳо, омӯзиш ва таълимот, рушди тиҷорат, идоракунии лоиҳаҳо, логистика, маркетинги шабакавӣ, савдои чакана фаъолият мекунад.

Ширкат ба бахшҳое чун телекоммуникатсия, барномаҳои ТВ ва радио, кори бонкӣ, тиҷорат дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои истироҳату фароғат ва меҳмонхонаҳо сармоягузорӣ мекунад.

Фаъолияти асосии ширкат тариқи шабакаи Интернет амалӣ мешавад. Мизоҷон тавассути Интернет аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон бо кумаки намояндагони QNet молу маҳсулоти эксклюзивӣ дастрас карда метавонанд. Аммо сокинони Тоҷикистон ин ширкатро дар фиреби аҳолӣ ва бунёди пирамидаи шабакавӣ муттаҳам медонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.