Дар Яман боз 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ монданд

16 апрели соли 2015 бо мусоидати намояндагиҳои дипломатию консулии Тоҷикистон дар кишварҳои араб, аз ҷумла дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай се шаҳрванди Тоҷикистон бо автобуси мусофиркашонӣ аз Яман ба Арабистони Саудӣ ворид шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, 17 апрел онҳо аз Ҷидда ба самти Дубай ва аз […]

ASIA-Plus



16 апрели соли 2015 бо мусоидати намояндагиҳои дипломатию консулии Тоҷикистон дар кишварҳои араб, аз ҷумла дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай се шаҳрванди Тоҷикистон бо автобуси мусофиркашонӣ аз Яман ба Арабистони Саудӣ ворид шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, 17 апрел онҳо аз Ҷидда ба самти Дубай ва аз он ҷо ба Душанбе парвоз кардаанд ва ҳоло намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ҷиҳати баровардани ҳудуди 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Яман фаъолият доранд, чораҳои зарурӣ меандешанд.

Қайд мешавад, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатию консулии Тоҷикистон дар кишварҳои араб баҳри берун овардани шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Яман тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.