Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон дар як қатор ниҳодҳои зертобеъи Академияи илмҳои Тоҷикистон тағйирти кадрӣ ба вуқӯъ пайваст.
Ҳамин тариқ, Раҳим Масов, директори Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва Акбари Турсон, роҳбари Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академия бинобар сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Академияи илмҳои ҶТ хабар дод, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ Абдувоҳид Шамолов низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мансаб сабукдӯш шудааст.
Ёдрас мекунем, ки Раҳим Масов Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшинсоии ба номи Аҳмади Донишро моҳи июни соли 2011 ва Акбари Турсон Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистонро моҳи марти соли 2011 ба роҳбарӣ гирифта буданд.



