Олмон геологҳои тоҷикро бо таҷҳизоти муосир таъмин мекунад

Ҳукумати Олмон ба геологҳои тоҷик 10 маҷмӯи техникаи компютерии муосири саҳроиро тақдим намуд, ки бо барномаҳои навтарини муосир таъмин мебошанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сариораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон, дар маросими супоридани компютерҳо сафири Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Грен низ ҳузур доштааст. Гуфта мешавад, кумаки мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи «Захираҳои табиӣ барои […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Олмон ба геологҳои тоҷик 10 маҷмӯи техникаи компютерии муосири саҳроиро тақдим намуд, ки бо барномаҳои навтарини муосир таъмин мебошанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сариораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон, дар маросими супоридани компютерҳо сафири Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Грен низ ҳузур доштааст.

Гуфта мешавад, кумаки мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи «Захираҳои табиӣ барои рушди Тоҷикистон», ки дар асоси Ёддошти тафоҳум бо Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Олмон (BGR)13 декабри соли 2011 ба имзо расида буд, сурат гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи лоиҳаи зикршуда инчунин ба омӯзиш фаро гирифтани мутахассисон дар назар буда, дарсҳои омӯзиширо мутахассисони баландихтиссоси Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Федеративии Олмон мегузаронанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.