Вазорати рушди иқтисод афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолиро 8% пешгӯӣ мекунад

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2015-ро тақрибан 8% пешгӯӣ мекунад . Тибқи пешгӯии Вазорат, соли равон ҳаҷми маблағи ММД ба ҳар сари аҳолӣ 6 ҳазору 610 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2014 ин нишондиҳанда ба 5 ҳазору 892 сомонӣ (1 ҳазору 217 $) барбар […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2015-ро тақрибан 8% пешгӯӣ мекунад

.

Тибқи

пешгӯии

Вазорат, соли равон ҳаҷми маблағи ММД ба ҳар сари аҳолӣ 6 ҳазору 610 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2014 ин нишондиҳанда ба 5 ҳазору 892 сомонӣ (1 ҳазору 217 $) барбар шуда буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳанди соли 2013 ба миқдори 12,9% зиёд гардида буд.

Дар Вазорати рушди иқтисод интизорӣ доранд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми ММД кишвар ба 55 млрд. 530 млн. сомонӣ расида, суръати рушд дар нархҳои қиёспазир 7,6%-ро ташкил хоҳад дод. Соли 2014 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 45,6 млрд. сомониро ташкил дода, дар нархҳои қиёспазир нисбат ба соли 2013 ба андозаи 6,7% афзуда буд.

Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ коҳиши афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли равонро пешгӯӣ мекунанд.

Чанде қабл Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯиҳои нави рушди иқтисоди ҷаҳон дар солҳои 2015 ва 2016-ро интишор намуд.


Дар гузориши нави ХБА таҳти унвони 

«Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон»

 дар ин робита зикр мегардад, ки рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон аз 6,7% дар соли 2014 то ба 3% дар соли 2015 поин рафта, соли 2016 – 4,1%-ро ташкил хоҳад дод.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ)

 бар ин назаранд

,


 ки афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 6% коҳиш меёбад. Коршиносони БҶ тамоили поинравии ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистонро мутаносибан ба таъсири сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва нишондиҳандаҳои паст дар содироти маҳсулоти асосӣ мансуб медонанд.

Коршиносони Бонки осиёгии рушд (БОР) 

чунин мешуморанд

,


 ки гуногун сохтани навъҳои иқтисод (диверсификатсия) ва роҳандозии ислоҳоти сохторӣ асоси пешгирии омилҳои таъсири манфии беруна ба иқтисоди Тоҷикистон аст.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)  

пешгӯи кард

, ки коҳиши суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015-ро аз 6,7% дар соли 2014 то ба 4,4% дар соли равон поин меравад.

Мавриди қайд аст, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар 

семоҳаи аввали соли равон

беш аз 8 млрд. 310 млн. сомонӣ (ҳудуди 1,4 млрд. $)-ро ташкил дод, ки рушди воқеъӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,7 % (аз 7 то 5,3%) камтар аст.

Дар маълумоти нимаи моҳи апрели соли равон интишоршудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита

зикр гардида буд

, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 8,3 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 5,3 фоизро ташкил намуд.

Ҳамчунин бино ба маълумоти БМТ, суръати рушди воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2014 дар муқоиса бо соли 2013

ба андозаи 0,7% коҳиш ёфт.

  Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2014 ба 45,6 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил дод.

«Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ нисбат ба соли 2013 ба андозаи 0,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва пастравии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт», – зикр гардида буд дар маълумоти БМТ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.