Суғд: Ҳукми ҳабси абад ба саробони хонадон барои қатли бераҳмонаи ҳамсару фарзандон

Дар вилояти Суғд саробони хонадон барои қатли бераҳмонаи ҳамсар ва ду кӯдаки ноболиғ ба ҳабси абад маҳкум шуд. Аз суди вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки суд сокини 38-солаи ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом Баҳром Юлдошевро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) гунаҳкор эътироф намуда, нисбати […]

Мавлуда Рофиева



Дар вилояти Суғд саробони хонадон барои қатли бераҳмонаи ҳамсар ва ду кӯдаки ноболиғ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Аз суди вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки суд сокини 38-солаи ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом Баҳром Юлдошевро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) гунаҳкор эътироф намуда, нисбати ӯ ҳукми ҳабси абад содир намуд.

Ёдрас мекунем, ки 30 январи соли 2015 дар минтақи шимоли кишвар бар асари ҷанҷоли оилавӣ ба иллати мушкилоти молиявӣ, падари хонадон Баҳром Юлдошев ҳамсар ва кӯдакони ноболиғашро бо табар ба қатл расонид. Худи ҳамон рӯз ҷасадҳои сокини ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом Дилором Эргашеваи 39-сола ва фарзандони ӯ – Нурмуҳаммад Юлдошеви 13-сола ва Заррина Юлдошеваи 8-сола дарёфт шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2014 дар вилояти Суғд ҳамагӣ як ҳукми ҳабси абад содир шудааст. Сокини 30-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Бахтиёр Абдуллоев барои таҷовуз ба номуси духтари 10-сола ва сипас суиқасд ба ҷони ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.