Даъвати ҳайати Тоҷикистон ба конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Фаронса



Чанде қабл дар шахри Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидийе Лёруа баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот раванди тадорукоти Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-21), ки аз 30 ноябр то 11 декабри 2015 дар Ле-Буржеи Фаронса баргузор мегардад, инчунин иштироки ҳайати Тоҷикистон дар он ҳамоиш мавриди муҳокима қарор гирифт.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин дар масъалаҳои рушди равобити дуҷониба ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби сармоя табодули назар карданд.

spot_imgspot_img

Популярное