Тӯйи хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон дар Кангурт дар ҳузури сарвари давлат

Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии Меҳри Модар ба кор дароварда шуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд ёфтааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маркази таълимию хизматрасонӣ асосан аз таълимгоҳи калонсолон бо синфхонаҳо барои омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ, забономӯзӣ, […]

ASIA-Plus



Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии Меҳри Модар ба кор дароварда шуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд ёфтааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маркази таълимию хизматрасонӣ асосан аз таълимгоҳи калонсолон бо синфхонаҳо барои омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ, забономӯзӣ, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ иборат аст. Танҳо дар коргоҳи дӯзандагии ин марказ наздики 150 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ҳамагӣ беш аз 250 ҷойи корӣ дар ин бино муҳайё хоҳад шуд.

Дар паҳлӯи маркази таълимӣ ва хизматрасонӣ бинои дуошёнаи чойхонаи зебои миллӣ ва тарабхона ифтитоҳ ёфт, ки ҳарду дорои қариб 300 ҷойи нишаст мебошанд. Ин бино ҳам аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд ёфтааст. Дар ин бино 30 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Дар толори тарабхона хатнасури дастҷамъонаи 100 писарча ва тӯйи хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон аз хонаводаҳои ниёзманд ороста шуд, ки нишонаи пайравии соҳибкорони саховатпешаи кишвар ба амалҳои башардӯстонаи Сарвари давлат мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як писарчаи хатнашаванда бозичаю шириниҳо ва ба ҳар ҷуфти навхонадорон туҳфаҳои хотиравию асбоби рӯзгор ба мисли телевизору яхдон, гилем ва кортҳои бонкӣ бо маблағи муайяни пасандоз ҳадя намуд.

Дар ҳамин мавзеъ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони як бинои 6-ошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшида шуд, ки дорои қариб 50 хона хоҳад буд ва қисме аз онҳо чун манзили хизматӣ ба кормандони корхонаю муассисаҳои бунёднамудаи соҳибкор Анвар Қурбонов дода мешавад. Дар рафти сохтмони ин бинои истиқоматӣ қариб 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.