Гузашти низомӣ дар Душанбе рӯзи 7 май доир мегардад

Гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 70-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки санаи 9 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт пешбинӣ гардида буд, рӯзи 7 май доир мегардад. Аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби ба санаи дигар гузаронидани ин чорабинӣ дар он аст, ки рӯзҳои 8-9 […]

Аваз Юлдошев



Гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 70-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки санаи 9 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт пешбинӣ гардида буд, рӯзи 7 май доир мегардад.

Аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби ба санаи дигар гузаронидани ин чорабинӣ дар он аст, ки рӯзҳои 8-9 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ва гузашти пуршукӯҳи низомӣ дар Майдони Сурх дар шаҳри Маскав қарор хоҳад дошт.

Дар гузашти низомии пойтахти Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 2 ҳазор нафар низомиён ширкат хоҳанд варзид. Дар гузашт ба ҷуз сарбозону афсарони Қвваҳои Мусаллаҳи ҶТ, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.

Гузашти низомӣ таҳти фармондеҳии муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллахи Тоҷикистон генерал-майор Бахтиёр Рузминшоев доир гардида, онро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо қабул хоҳад кард.

Дар маросими гузашти низомӣ раҳбарияти кишвар, роҳбарони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанаӣ, волидони сарбозону афсарон иштирок хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.