Дарёфти ҷасадҳои боқимондаи зери ярч дар деҳаи Яккабеди Файзобод

Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ ҷасади боқимонда 3 нафар ҳалокшудагон аз зери ярчро пайдо карданд. Имрӯз ҷасадҳои Далер Кабирови 17-сола, Фахриддин Нурови 29-сола ва Шодмон Амиршоеви 25-сола дарёфт шуданд. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа  […]

Мавзуна Абдуллоева



Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ ҷасади боқимонда 3 нафар ҳалокшудагон аз зери ярчро пайдо карданд.

Имрӯз ҷасадҳои Далер Кабирови 17-сола, Фахриддин Нурови 29-сола ва Шодмон Амиршоеви 25-сола дарёфт шуданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа  дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд.

Худи ҳамон рӯз ҷасади 2 нафар – Шодмон Умарови 25-сола ва Маҳмад Умарови 28-сола аз зери ярч дарёфт шуда буд. Ҷасади Маъсуд Толибови 19-сола рӯзи 7 апрел дарёфт шуда буд. Ҷасадҳои Худойбердӣ Одинаеви 52-сола, Наим Қурбонови 26-сола ва Саид Ҷалилови 18-сола рӯзи 10 апрел дарёфт гардид. Ҷасади боз як як нафар ҳалокшуда Исломиддин Абдуллоеви 36-соларо рӯзи 14 апрел аз зери ярч пайдо карданд.

Дарҳол пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон тасаллият изҳор намуда, дастур дод, ки ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шавад. Тибқи баъзе маълумот, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 10 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ дода шуда, онҳо ҳамчунин бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.