Осеби донишҷӯёни тоҷик дар сӯхтори хобгоҳи Донишгоҳи тиббӣ дар Маскав

Зимни сӯхтор дар хобгоҳи Донишгоҳи тиббии Русия ба номи Пирогов дар шаҳри Маскав беш аз 40 нафар осеб диданд. Тавре Вести хабар медиҳад, миёни шахсони осебдида донишҷӯёни Гана, Руанда, Сераа-Леоне, Малайзия, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳузур доштаанд. Бино ба маълумоти ВАО, пас аз ин сӯхтор 43 нафар ба табибон муроҷиат намуда, 35 нафари онҳо дар бемористон […]

ASIA-Plus



Зимни сӯхтор дар хобгоҳи Донишгоҳи тиббии Русия ба номи Пирогов дар шаҳри Маскав беш аз 40 нафар осеб диданд.

Тавре

Вести

хабар медиҳад, миёни шахсони осебдида донишҷӯёни Гана, Руанда, Сераа-Леоне, Малайзия, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳузур доштаанд.

Бино ба маълумоти ВАО, пас аз ин сӯхтор 43 нафар ба табибон муроҷиат намуда, 35 нафари онҳо дар бемористон бистарӣ ва ба 8 осебдида дар ҷойи ҳодиса кумаки тиббӣ расонида шудааст.

Гуфта мешавад, сӯхтор дар хобгоҳи Донишгоҳи тиббии Русия ба номи Пирогов, воқеъ дар кӯчаи академик Волгин рух дода, майдони умумуиии он 15 метри мураббаъро ташкил додааст. Аз хадамоти матбуоти департаменти тандурустии шаҳри Маскав хабар додаанд, ки аксари шаҳрвандони хориҷии аз сӯхтор осебдида дар ҳолати вазнин қарор доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.