Роҳбарони нав дар ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон»

Дар садри ҳаракати мухолифи «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» шахсони нав интихоб шуданд. Дар маълумоти аз ҷониби фаъолони ҳаракат интишоршуда дар ин робита зикр мегардад, ки рӯзи 21 апрел маҷлиси навбатии Шӯрои созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» доир гардида, дар он Маъруф Лангарчиев роҳбари ҳаракат ва Муҳаммадсобир Абдулқаҳҳор муовини ӯ интихоб шудаанд. Зимни маҷлис аъзои ҳаракат […]

ASIA-Plus



Дар садри ҳаракати мухолифи «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» шахсони нав интихоб шуданд.

Дар маълумоти аз ҷониби фаъолони ҳаракат интишоршуда дар ин робита зикр мегардад, ки рӯзи 21 апрел маҷлиси навбатии Шӯрои созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» доир гардида, дар он Маъруф Лангарчиев роҳбари ҳаракат ва Муҳаммадсобир Абдулқаҳҳор муовини ӯ интихоб шудаанд.

Зимни маҷлис аъзои ҳаракат таъкид доштаанд, ки ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки собиқ пешвои худ Мақсуд Иброҳимовро аз маҳбас озод кунанд.

Ёдрас мекунем, ки замоне маълумот дар бораи ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар сархати хабарҳо ҷой гирифт, ки ба роҳбари он Мақсуд Иброҳимов дар шаҳри Маскав ҳамла сурат гирифт. Он замон ӯ аз корд захмӣ шуда буд.

Мақомоти интизомии Русия он замон дар мавриди ин қазия иттилоъ дода буданд, ки бо хуб шудани вазъи солимии Иброҳимов, ӯ ба ҳабс гирифта мешавад.

Ахири моҳи январи соли равон Мақсуд Иброҳимов, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба ифротгароӣ гумонбар дониста мешавад, аз Русия ба ватан истирдод гардид.

Сардори Раёсати назорати қонуният дар мақомоти ВКД ва АНМН-и Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ризо Халифазода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита

изҳор намуда буд

, ки роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ба ҳабс гирифта шуда, дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ӯ зикр карда буд, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, парвандаи мазкурро муфаттишони ВКД Тоҷикистон тафтиш мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.