Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи гирдиҳам омадани мардум дар назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанберо шарҳу тавзеҳ дод.
Сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар мегӯяд, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ санҷиши ҳодисаи назди сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон ба итмом расонида шуд.
Гуфта мешавад, рӯзи 15 апрели соли 2015 як гурӯҳ шаҳрвандон иборат аз 10-15 нафар дар назди сафоратхонаи Олмон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Махсум, бинои 59/1 ҷамъ омада, изҳори вохӯрӣ бо сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро кардаанд.
«Ҳангоми дастрас шудани онҳо аз ҷониби кормандони милитсия ба РВКД дар шаҳри Душанбе маълум гардид, ки шаҳрвандони мазкур баъди хабардор шудан тариқи шабакаи интернетӣ оиди он, ки санаи 14-уми апрели соли 2015 гурӯҳи экстремистӣ-террористии «Гурӯҳи-24» дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Олмон шаҳрвандонро ҷамъ намуда гирдиҳамоӣ ташкил кардаанд, ба назди сафорати мазкур омадаанд», – қайд мешавад дар шарҳи ҳодиса.
Зикр мегардад, ки аз ҳамин хотир шаҳрвандони дастгиршуда хостаанд, ки бо сафири Олмон дар Тоҷикистон вохӯрда, бо воситаи ӯ пеши кори ин гурӯҳи экстремистӣ-террористиро гиранд ва намонанд, ки чунин гирдиҳамоӣ дар Ҷумҳурии Олмон ташкил карда шавад.
«Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ саривақт, барои роҳ надодан ба бетартибиҳо чораҳо андешида шуда, амнияти сафоратхонаи мазкур зери назорати қатъӣ гирифта шуд. Аз шаҳрвандони дар назди афоратхона ҷамъшуда, нисбати 4 нафари онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, ҷарима ситонида шуд», – баён мегардад дар маълумот.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки нисбати боз 10 нафар иштирокчиён протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, огоҳонида шуданд ва ба боқимонда иштирокчиён сӯҳбатҳои инфиродӣ-профилактикӣ гузаронида шуд.



