Боз 8 тоҷикистонӣ аз қаламрави Яман берун бароварда шуданд

Шаби 22 ба 23 апрели соли равон боз 8 нафар пизишкон – шаҳрвандони Точикистон тавассути тайёраи харбии Русия Аз Яман ба Маскав оварда шуданд. Тавре намояндаи расмии сафоратхонаи ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, бинобар муроҷиати дигарбораи шаҳрвандони боқимондаи кишвар дар ин кишвари ноамн, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба масъулини ситод дастур […]

ASIA-Plus



Шаби 22 ба 23 апрели соли равон боз 8 нафар пизишкон – шаҳрвандони Точикистон тавассути тайёраи харбии Русия Аз Яман ба Маскав оварда шуданд.

Тавре намояндаи расмии сафоратхонаи ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, бинобар муроҷиати дигарбораи шаҳрвандони боқимондаи кишвар дар ин кишвари ноамн, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба масъулини ситод дастур додааст, ки роҳҳои ҳалли ин қазияро низ пайдо намуда, ба ҳамватанони ниёзманд кумак расонанд.

Ахиран узви ситоди назди сафорат Парвиз Содиқов тавассути телефон бо масъулини сафорати Русия дар Яман дар тамос шуда, масъалаи расондани кумак ба ҳамватанонро хоҳиш намудааст. Ӯ ҳамчунин мустақиман бо сарнишини ҳавопаймои ҳарбии русӣ низ дар тамос шуда, дархост намуд, ки чанд тан аз шаҳрвандони тоҷики интизори наҷот аз ин макони ноамнро ба Маскав баргардонанд.

Зикр гардид, ки масъулини Ситоди назди сафорат аз ҳисоби дипломатҳо ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандони тоҷикро дар фурудгоҳ истиқбол ва баробари расидани ин шаҳрвандон, онҳоро ҳуҷҷатгузорӣ намуда, ба Ватан гусел хоҳанд кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.