Британия Тоҷикистонро дар табиқи лоиҳаи CASA-1000 дастгирӣ мекунад

Рӯзи 22 апрели соли 2015 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпоттро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ Сафири Британияи Кабир ба Вазири корҳои хориҷӣ оид ба қарори Ҳукумати Британияи Кабир дар масъалаи дастгирии […]

ASIA-Plus



Рӯзи 22 апрели соли 2015 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпоттро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ Сафири Британияи Кабир ба Вазири корҳои хориҷӣ оид ба қарори Ҳукумати Британияи Кабир дар масъалаи дастгирии молиявии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 маълумот пешниҳод намуд. Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва ҳамкории минтақавиро муҳокима намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҷониби Британияи Кабирро ҷиҳати иштироки фаъолона дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015», ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, даъват намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.