Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи Истиқлолият табрик кард

ASIA-Plus

Президенти Тоҷикистон имрӯз, 8 сентябр мардуми кишварро бо ҷашни 24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, ки ҳамасола санаи 9 сентябр таҷлил мегардад, табрик кард. Дар паёми телевизионии худ сарвари давлат Рӯзи истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ номид. «Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, […]



Президенти Тоҷикистон имрӯз, 8 сентябр мардуми кишварро бо ҷашни 24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, ки ҳамасола санаи 9 сентябр таҷлил мегардад, табрик кард.

Дар паёми телевизионии худ сарвари давлат Рӯзи истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ номид.

«Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем», – омадааст дар паём.

Президент дар паёми худ қайд мекунад, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон то ба имрӯз пайваста талош дорад, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар шароити мусоид фароҳам созад.

«Дар натиҷа мо дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад», – изҳор мекунад сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунад, ки ҳоло Тоҷикистон дар роҳи бунёди ин низоми давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

«Дар айни замон, итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Зеро мо ҳанӯз дар зиндагии ҷомеа ва давлатамон мушкилоти зиёд дорем. Вале дар айни замон итминони комил ва азму иродаи қавӣ дорем, ки ҳамаи мушкилоти мавҷударо бо дастгирии мардуми заҳматкашу таҳаммулгароямон, бо заҳмати аҳлонаву софдилона бартараф месозем ва нақшаву ниятҳои созандаамонро ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон амалӣ мегардонем», – таъкид мешавад дар паёми сарвари давлат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон дар сафи се кишвари дорои ифлостарин ҳаво дар ҷаҳон қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.