Ҳалокати 5 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиёт дар наздикии Подолск

Шоми рӯзи 6 сентябр дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки дар наздикии деҳаи Никулинои ноҳияи Подолски вилояти Маскав рух дод, 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин ҳодиса қоидахои ҳаракат дар роҳ риоя нашуда, се автомашина ба ҳамдигар […]

Аваз Юлдошев



Шоми рӯзи 6 сентябр дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки дар наздикии деҳаи Никулинои ноҳияи Подолски вилояти Маскав рух дод, 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин ҳодиса қоидахои ҳаракат дар роҳ риоя нашуда, се автомашина ба ҳамдигар бархӯрдаанд.

«Автомашинаи боркаш ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба микроавтобуси «Газел» бархӯрдааст, ки дар дохили он 6 шахрвнади Тоҷикисон қарор доштаанд. Бар асари ин зарба 4 нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ва 1 нафар дар роҳ ба бемористон ҳалок шудаанд», – иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, айни замон шахсияти ин 5 нафари ҳалокшуда муайян карда шудааст, ки инҳо мебошанд: Холов Акбар Абдумавлонович, санаи таваллуд 08.02.1988 сол, Холов Ҷаҳонгир Абдумавлонович, с/т 22.08.1989, Холов Ҷамшед Абдулмуминович, с/т 31.03.1988, Пардаев Шавкатҷон Муҳиддинович, с/т 20.02.1986 ва Ишев Муҳриддин Одинахатович, с/т 17.12 1996 сол.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ронандаи автомашинаи боркаш боздошт ва ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад ва намояндагӣ ҷиҳати мусоидат ба интиқоли ҷасадҳои ҳалокшудагон ба ватан тадбирҳо меандешад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.