Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан дар Душанбе

Рӯзи 7 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи нави саноатии “Гулоб”ҳусни оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии пӯшидаи “Оби Зулол” бо насби таҷҳизоту технологияи замонавии нав оид ба истеҳсоли обҳои нӯшокӣ ва рангаи хуштамъи ташнашикан сохта шуд. Иттилоъ дода […]

ASIA-Plus



Рӯзи 7 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи нави саноатии “Гулоб”ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии пӯшидаи “Оби Зулол” бо насби таҷҳизоту технологияи замонавии нав оид ба истеҳсоли обҳои нӯшокӣ ва рангаи хуштамъи ташнашикан сохта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди корхона дар доираи татбиқи иқдомҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба васеъ намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои харидорӣ ва ворид намудани таҷҳизоти нави технологӣ, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди миёнаи меҳнат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, бо баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, амалӣ шудааст.

Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои  Италия ва Франсия ворид гардида, барои насби он мутахассисон аз Италия, Шветсария, Белгия ва Франсия ҷалб гардиданд .

Хати нави технологӣ қудрати истеҳсоли обҳои рангаи ташнашиканро дар як соат бо теъдоди 20 000 адад доро мебошад.

Зимни боздид аз корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон дастур дод, ки пеш аз ҳама ба сифати ин намуди маҳсулот аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Дар корхона имкони истеҳсоли зарфҳои пластикӣ, таҷҳизоти тайёр намудани нушокиҳо ва ғайра мавҷуд аст.

Барои васлу насби таҷҳизотҳои корхона 3 миллиону 734 ҳазору 605 сомонӣ сарф шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то ба 60 млн литр баробар буда, 350 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Баъди шиносоӣ бо шароити корхонаи нав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва соҳибкорони ватанӣ суханронӣ кард

Сарвари давлат ифтитоҳи корхонаи нави саноатиро ба коргарон муборакбод гуфта, дар бораи дастгирии Ҳукумати мамлакат аз рушди соҳибкорӣ дар кишвар андешаронӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.