Тамоили коҳиши кумаки беруна ба бахши кишоварзии Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев

Тайи солҳои ахир тамоили коҳиши ҳаҷми кумакҳои беруна ба бахши кишоварзӣ ва обёрии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли 2016 уҳдадориҳои шарикон оид ба рушд дар самти кумак ба ин бахшҳо 37,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат […]



Тайи солҳои ахир тамоили коҳиши ҳаҷми кумакҳои беруна ба бахши кишоварзӣ ва обёрии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли 2016 уҳдадориҳои шарикон оид ба рушд дар самти кумак ба ин бахшҳо 37,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба уҳдадориҳои соли 2014 тақрибан 21% камтар аст. Соли гузашта ташкилоту созмон ва кишварҳои кумакрасон уҳдадор шуда буданд, ки ба ин бахшҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 46,7 млн. доллари ИМА кумак мекунанд, вале ҳаҷми воқеъии кумак аз рӯи натиҷаҳои сол каме бештар аз 36,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Гузашта аз ин, идома доданд дар Кумитаи мазкур, нисбат ба кумаки расонидашуда дар соли 2014 дар ҳаҷми то 17 млн. доллари ИМА, соли оянда ҳаҷми кумаки хориҷӣ метавонад ба беш аз ду маротиба коҳиш ёбад.

«Ҳам кумак дар қисмати грант ва ҳам кумак дар қисмати қарздиҳӣ дар ин самт коҳиш меёбад ва дар ҳамин ҳол, кумак ба сифати грант аз ҳаҷми кумак нисбат ба қарздиҳӣ хеле зиёдтар аст. Ҳамин тариқ, соли 2014 ҳаҷми грантҳо нисбат ба ҳаҷми қарздиҳӣ қариб 5 маротиба зиёдтар аст», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ,  соли гузашта ҳаҷми бештари кумак ба бахши кишоварзӣ ва обёрии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ (беш аз 10 млн. $) расонида шудааст, ки 11,3% аз ҳаҷми умумии кумак ба ин бахшҳоро ташкил медиҳад.

Дар ин давра Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир ба ин бахшҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 4,1 млн., Фонди арабии рушди иқтисодии Кувайт – 3,1 млн., Бонки исломии рушд – 2,7 млн., ҳукумати Олмон – ҳудуди 2,4 млн. ва Бонки осиёгии рушд ба маблағи 2,1 млн. доллари ИМА кумак расонидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон ҷазо додааст. ҳар яке беш аз 200 соат ба корҳои ҳатмӣ...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...