А.Қодирӣ: Бунёди мактабу кӯдакистонҳои нав сармоягузорӣ ба ояндаи мост

Date:



Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва соли нави таҳсил дар ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи мактаби нав Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат варзид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бунёди муассисаи нави таълимӣ дар ин ҷамоат нишони пуштибонии иқдомҳои созандигию ободонии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби худи аҳолӣ дар самти сохтмони иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад. Зеро мактаби нав бо ташаббусу маблағгузории волидайн ва омузгорони худи мактаб ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бунёд ёфта, барои сохтмони он ҳудуди 2 млн. 300 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Азму иродаи сокинони маҳалро дастгирӣ намуда, дар оғози кор Раиси вилоят барои сохтмони мактаб 100 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Илова бар ин, ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ муассисаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мизу курсӣ, ҷевонҳои китоб, тахтаҳои синфӣ, компютер, принтер ва асбобҳои мусиқӣ таъмин карда шудааст.

Мактаби нав дуошёна ва дорои 20 синфхона буда, дар он илова ба фанҳои асосии таълимӣ инчунин маҳфили ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шудааст. Бинои иловагӣ барои наздик 500 нафар дар як баст пешбинӣ гардида, айни ҳол 50 нафар омузгорон ба фарзандони маҳал таълиму тарбия медиҳанд. Аз ҳама муҳимаш, бинои нав бо системаи ягонаи гармидиҳӣ таъмин мебошад. Бинои куҳнаи мактаб соли 1939 бо усули финӣ сохта шуда, зарурати таълимгоҳи нав ба миён омада буд.

Дар суҳбат бо толибилмони мактаб дар синфхонаҳо Раиси вилоят онҳоро ба омузиши амиқи илмҳои замонавӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ҳидоят намуд. Зеро аксари хонандагони мактаб узбекзабон мебошанд ва донистани забони давлатӣ барои онҳо ҷиҳати идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ ва дарёфти кор хеле муҳим аст.

Зимни суханронӣ дар назди аҳли мактаб Абдураҳмон Қодирӣ онҳоро бо солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, ҳамзамон аз корҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави вилоят ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки соли равон бунёди 15 мактаби нав дар шаҳру навоҳӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилоят ба мактаби нав 6 адад компютер, принтер ва 10 адад асбобҳои мусиқӣ тақдим намуд. Дастур дода шуд, ки то охири соли равон тамоми мактабхэҳои нохэҳия аз ҳисоби сарчашмаҳои мавҷуда бо асбобҳои мусиқӣ таъмин карда шаванд.

Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилоят бо фаъолияти маркази навтаъсиси таълимию истеҳсолии «Озода» ошно шуд. Дар саҳни бинои марказ намоишгоҳи ҳунарҳои анъанавии мардуми ноҳия ва урфу одатҳои аҷдодӣ ташкил карда шуд.

Абдураҳмон Қодирӣ сараввал ба анъанаҳои либоспушӣ ва урфу одатҳои туёнаи халқиятҳои сокини ноҳия аз қабили тоҷикону узбекон ва кирғизҳо, ки аҳлонаву дустона умр ба сар мебаранд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар намоишгоҳ намунаи ҳунари ҳунармандони минтақа аз қабили дуредгарӣ, гилембофт, қуроқу кашидадӯзӣ, лухтакдӯзӣ, оҳангарию кулолгарӣ, ҳайкалтарошӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Маркази таълимию истеҳсолӣ бо дастгирии Раиси вилоят аз ҷониби Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят ташкил ёфта, дар он айни замон 8 дастгоҳи адрасу атласбофӣ насб гардидааст. Се нафар устоҳои коромӯхта ба 12 нафар шогирдон ҳунари бофандагиро меомӯзанд.

Илова ба атласу адрасбофӣ, инчунин дар маркази мазкур омузиши ҳунари қолинбофӣ ба роҳ монда шудааст. Духтарони маҳаллӣ аз мутахассиси эронӣ Марзия Наврузӣ ин ҳунари аҷдодиро азхуд мекунанд. Дар баробари ин, дар ин марказ коргоҳи дузандагӣ ташкил шудааст, ки бо ҳашт адад мошинҳои дузандагӣ таъмин мебошад. Ин мошинҳо аз ҳисоби Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастрас гардидаанд. Абдураҳмон Қодирӣ тавсия дод, ки шумораи шогирдони марказ зиёд карда шуда, миқдори бештари бонувони маҳаллӣ ба омузиши ҳунарҳои анъанавӣ фаро гирифта шаванд.

Дар ҳамин ҷамоат ҳамчунин бо иштироки Раиси вилоят санги асос барои сохтмони бинои иловагӣ дар назди кудакистони рақами 6-и ноҳия гузошта шуд. Бунёди иншооти мазкурро низ худи волидайн бар уҳда гирифтаанд. Бинои нав дуошёна буда, барои 120 кудак пешбинӣ шудааст. Ин ташаббуси сокинони ҷамоат низ аз ҷониби Раиси вилоят ҳамовозӣ ёфт ва агар маблағи осохтмон наздик 900 ҳазор сомониро ташкил диҳад, пас Раиси вилоят изҳор намуд, ки 300 ҳазор сомонии онро кумак хоҳад расонид. Илова бар ин, дар сурати омода шудани иншоот, тасмим гирифта шуд, ки таҷҳизоти зарурии бинои нави кудакистон пурра аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмин карда мешавад. «Бунёди мактабу кӯдакистонҳои нав сармоягузорӣ ба ояндаи мост», – таъкид дошт Абдураҳмон Қодирӣ.

Бояд гуфт, ки бунёди кудакистони нав дар ноҳия талаби замон аст. Зеро шумораи эҳтиёҷмандон зиёд буда, масалан дар худи ҳамин кудакистон, ки айни ҳол 360 тарбиятгиранда дорад, боз беш аз 400 нафари дигар дар навбат меистанд.

Бо иштироки Раиси вилоят ҳамзамон дар хоҷагии деҳқонии «Яккатут»-и ҷамоати деҳоти Ғулакандоз маъракаи пахтачинӣ шуруъ гардид. Хоҷагии мазкур ҳамчун хоҷагии тухмипарвар фаъолият карда, 100 гектар замин дорад. Аҳли хоҷагӣ соли равон дар 55 гектар пунбадонаи навъи хориҷӣ кишт кардаанд ва умедворанд, ки 40 сентнерерӣ ҳосил ба даст оранд.

Соли равон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони 4387 гектар тиллои сафед корида, ният доранд нақшаи 10 ҳазору панҷсадтоннагиро саривақт таъмин намоянд. Ба чинакчиёни хоҷагӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ аз ҷониби Раиси вилоят туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...