Ифтитоҳи мавзеи фароғатӣ барои кӯдакон дар боғи «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд

Date:



Дар боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и  маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд  расми кушоди  мавзеи фароғатӣ барои кӯдакону наврасон баргузор гашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси  шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ дар ин чорабинии тантанавӣ иштирок намуд.

Дар мавзеи мазкур аз ҷониби коргоҳи «Хуҷандторгмаш» корҳои васлу танзими воситаҳои лидхушкунӣ ва аттраксионҳо ба анҷом расида, он бо ибтикори соҳибкори инфиродӣ Музаффар Ҷумъаев ташкил карда шуд. Пешбинӣ мешавад, ки минбаъд барои истироҳаткунандагон ҷойҳои нишасту фароғати оилавӣ, марказҳои хизматрасонии фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан маҳсулоти қаннодию ширинӣ ва ғайр ба истифода дода мешаванд. Дар ин макони фароғатӣ зиёда аз 30 намуд атраксионҳои дилхушкунӣ ва фарогатӣ насб гардида ҳамарӯза барои қабули сокинону меҳмонони маркази вилоят омода аст.

Лозим ба қайд аст,ки дар ин руз меҳмонони нахустини ин маркази фароғатӣ тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии кӯдакону наврасонва фарзандони оилаҳои ниёзманд  буданд. Барои кӯдакон ва тарбиятгирандагони парваришгоҳхо дар ин рӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми намуди хизматрасонӣ ройгон ташкил гардид.

Дар баробари ин раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини соҳаи мақомоти маҳаллӣ супориш дод,ки минбаъд низ тибқи ҷадвали муқарраргардида бояд кӯдакону наврасони парваришгоҳхо ва оилаҳои эҳтиёҷманд ройгон истироҳат намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...