Вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 15 сентябр дар шахри Душанбе доир мегардад, вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон гирдиҳам меоянд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 14 сентябр дар Душанбе ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони мудофиа ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД баргузор мешавад.

«Вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви Созмон масоили ҳамоҳангсозии талошҳо баҳри таъмини амният ва масоили сиёсати хориҷиро баррасӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан таъкид шуд, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе асосан ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин вазъ дар Шарқи Наздик таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки дар нишасти Душанбе раёсат дар СААД аз Тоҷикистон ба Арманистон мегузарад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.