Дар фурудгоҳи Екатеринбург тоҷики 31-сола худро ба дор овехт

ASIA-Plus



– Дар истгоҳи назди фурудгоҳи Колсовои шаҳри Екатринбург як тоҷики 31-сола худро ба дор овехтааст, – хабар медиҳад имрӯз


Комсомольская правда


. Раҳгузарон ҷасади ӯро дида, ба кормандони мақомот дар ин бора хабар додаанд.

«Кормандони Кумитаи тафтишот ба ҷойи ҳодиса рафтанд, – шарҳ додаанд дар Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Свердловск. – Айни замон тамоми ҳолатҳои ин ҳодисаро таҳқиқ дорем».

Феълан мақомоти пулис ҳамроҳ бо кормандони Кумитаи тафтишот дар ҷойи ҳодиса машғули коранд. «Кормандони шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ аллакай шахсияти мард ва хешовандони ӯро муайян карданд, – гуфтааст роҳбари хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск. – Ҳалокшуда зодаи 31-солаи Тоҷикистон бо номи Муродбек аст. Маълумоте мавҷуд аст, ки Муродбек қаблан низ бо корд худашро куштанӣ шудааст, вале хешовандонаш аз фоҷеа пешгирӣ кардаанд. Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ба худкушӣ даст задани ин шахсро таҳқиқ доранд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.