Имкони таъсиси минтақаҳои иқтисодии имтиёзнок дар паҳнои Созмони ҳамкории Шанхай

ASIA-Plus



– Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) имкони таъсиси минтақаҳои иқтисодии имтиёзнокро баррасӣ доранд, – иттилоъ додааст ба хабаргузории


ТАСС


котиби иҷроияи Шӯрои кории СҲШ Сергей Канавский.

«Имрӯз дар аксари кишварҳои узви СҲШ минтақаҳои озод дар ҳоли рушд қарор доранд. Дар Русия ин минтақаҳо қаламрави рушди пешрафта, дар Қазоқистон – минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар Чин – минтақаҳои савдои озод ва дар Ӯзбекистону Тоҷикистон низ номҳои хоси худро доранд. Мо ҳамаи ин номҳоро дар сатҳи Шӯрои кории СҲШ бо истилоҳи минтақаҳои иқтисодии имтиёзнок муттаҳид мекунем», – гуфтааст ӯ.

Ба қавли котиби иҷроияи Шӯрои кории СҲШ, ҳадаф аз ин иқдом дарёфти роҳу воситахои наздикшавии истеҳсолот дар доираи ин минтақаҳо аст, то ки онҳо дар низоми умумии ҳамкории мутақобила амал карда тавонанд, вале таъсиси минтақаи иқтисодии имтиёзнок алҳол барвақт аст, зеро имкони ҳамкории минтақаҳои озод дар доираи СҲШ-ро омӯхтан зарур аст», – шарҳ додааст номбурда.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар шаҳри Сиани Чин вохӯрии навбатии вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви СҲШ оғоз шуд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода намояндагӣ мекунад.

Дар ин чорабинӣ баррасии масъалаи таъсиси минтақаҳои иқтисодии имтиёзнок дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар қаламрави Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.