Имкони таъсиси минтақаҳои иқтисодии имтиёзнок дар паҳнои Созмони ҳамкории Шанхай

– Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) имкони таъсиси минтақаҳои иқтисодии имтиёзнокро баррасӣ доранд, – иттилоъ додааст ба хабаргузории ТАСС котиби иҷроияи Шӯрои кории СҲШ Сергей Канавский. «Имрӯз дар аксари кишварҳои узви СҲШ минтақаҳои озод дар ҳоли рушд қарор доранд. Дар Русия ин минтақаҳо қаламрави рушди пешрафта, дар Қазоқистон – минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар Чин […]

ASIA-Plus



– Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) имкони таъсиси минтақаҳои иқтисодии имтиёзнокро баррасӣ доранд, – иттилоъ додааст ба хабаргузории


ТАСС


котиби иҷроияи Шӯрои кории СҲШ Сергей Канавский.

«Имрӯз дар аксари кишварҳои узви СҲШ минтақаҳои озод дар ҳоли рушд қарор доранд. Дар Русия ин минтақаҳо қаламрави рушди пешрафта, дар Қазоқистон – минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар Чин – минтақаҳои савдои озод ва дар Ӯзбекистону Тоҷикистон низ номҳои хоси худро доранд. Мо ҳамаи ин номҳоро дар сатҳи Шӯрои кории СҲШ бо истилоҳи минтақаҳои иқтисодии имтиёзнок муттаҳид мекунем», – гуфтааст ӯ.

Ба қавли котиби иҷроияи Шӯрои кории СҲШ, ҳадаф аз ин иқдом дарёфти роҳу воситахои наздикшавии истеҳсолот дар доираи ин минтақаҳо аст, то ки онҳо дар низоми умумии ҳамкории мутақобила амал карда тавонанд, вале таъсиси минтақаи иқтисодии имтиёзнок алҳол барвақт аст, зеро имкони ҳамкории минтақаҳои озод дар доираи СҲШ-ро омӯхтан зарур аст», – шарҳ додааст номбурда.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар шаҳри Сиани Чин вохӯрии навбатии вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви СҲШ оғоз шуд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода намояндагӣ мекунад.

Дар ин чорабинӣ баррасии масъалаи таъсиси минтақаҳои иқтисодии имтиёзнок дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар қаламрави Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.