Кушта шудани генерали ошӯбгар Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода

ASIA-Plus



Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи комилан анҷом ёфтани амалиёти махсус оид ба безарар гардонидани гурӯҳи  ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода хабар доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 16-уми сентябри соли 2015, соати 14:00 амалиёти зиддитеррористӣ оид ба несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода пурра ба охир расид.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти чорабиниҳои низомӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки якуним шабонарӯз идома ёфтанд, гурӯҳи террористӣ дар қисмати рости мавзеи Гусгеви дараи Ромит,  воқеъ дар 110 километрии шаҳри Ваҳдат ва баландии 3700 метр аз сатҳи баҳр иҳота карда шуд.

«Кӯшишҳои гуфтушунид ва моил сохтани онҳо ба таслимшавӣ натиҷа надоданд. Террористҳо муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода,  Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд. Теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, ҳангоми несту нобуд кардани дастаи террористон, фармондеҳи воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ ҶТ полковник Амакиев Рустам Холалиевич, инчунин се нафар хизматчиёни ҳарбии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД ва «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Тайи шабонарӯзи ахир бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона аз ҳарду ҷониб 14 нафар – 4 корманди мақомоти қудратӣ ва 10 тан аз аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълуомти ВАО, миёни ҳалокшудагон хизматчии ҳарбӣ Аҳмад Кабирови 18-сола, сокини деҳоти Заргарии ноҳияи Бохтар ва хизматчии ОМОН Аслиддин Абдулҳаев ҳузур доранд.

Амалиёти махсус алайҳи гурӯҳи мусаллахи Назарзода рӯзи 4 сентябр баъди ҳуҷуми аъзои ин гурӯҳ ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо 9 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиданд. Ҳукумати масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯши генерал Назарзода вогузор намуд.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқ вазири мудофиа ҳамроҳ бо ҳаммаслакони худ дар қаламрави дараи Ромит паноҳ бурданд. Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, зимни амалиёти мхсус беш аз 100 нафар аъзои гурӯҳ боздошт ва боз зиёда аз 30 тан аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша кушта шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...