Дархости таъмини журналистони боздоштшудаи ҲНИТ бо адвокатҳо

ASIA-Plus

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, Анҷумани миллии  воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ва ТҶ «Хома» изҳорот пахш намуда, дар он дархост намуданд, ки аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ, ки ба фаъолияти журналистӣ машғул буданд, бо адвокатҳо таъмин карда шаванд. Дар изҳорот дар робита ба нооромиҳои ахири кишвар нигаронӣ изҳор карда, қайд мешавад, ки ин ҳодисаҳо боиси  маҳдудияти […]



Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, Анҷумани миллии  воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ва ТҶ «Хома» изҳорот пахш намуда, дар он дархост намуданд, ки аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ, ки ба фаъолияти журналистӣ машғул буданд, бо адвокатҳо таъмин карда шаванд.

Дар изҳорот дар робита ба нооромиҳои ахири кишвар нигаронӣ изҳор карда, қайд мешавад, ки ин ҳодисаҳо боиси  маҳдудияти ҳуқуқи конститутсиони шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоот гардид.

«Мо ба ин боварем, ки ягон масъаларо бо хунрезиву иқдоми эҳсосотӣ ҳал кардан имкон надорад. Ҳама мушкилот бояд дар доираи қонун  ва бо риояи манфиатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баррасӣ қарор бигирад. Мутаассифона, норасоии маълумоту ахбори дақиқ аз манбаъҳои расмӣ зимни қазияҳои моҳи сентябри соли равон расонаҳои хабарии кишвар ва хориҷиро, ки вазифаашон расонидани маълумоти муътамаду санҷидашуда аст, ба мушкилоти касбӣ дар инъикоси ин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ кард. Дастрасии маҳдуд ба ахбор ба зиёд шудани ҳар гуна овозаҳо  мусоидат мекунад», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҳам дар нашрияҳои  мустақил ва ҳам матбуоти расмии давлатӣ матлабҳое паҳн  гардиданд, ки ҳодисаҳоро аз ҳад эҳсосотӣ ва якҷониба бозтоб мекунанд ва ин ҳолат  масъулияти аслии журналистиро зери шубҳа мебарад.

«Илова ба ин, дар пайи боздошти фаъолони ҲНИТ дар робита ба ҳодисаҳои ахир, бархе аз ҳамкасбони мо чанд рӯз боз дар боздоштгоҳ қарор доранд. Бино бар иттилооти пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода- сармуҳаррири нашрияи “Наҷот”-и ҲНИТ, Абдуқаҳҳори Давлат, хатмкардаи факултаи журналистика ва собиқ сармуҳаррири нашрияи ҳизбӣ, Зарафо Раҳмонӣ- масъули нашрияҳои ҳизбии ҲНИТ тайи рӯзҳои боздошт онхо дар бораи ҷурми наздиконашон хабаре надоштанд, онҳоро бо адвокат низ таъмин накардаанд. Ҳол он ки тибқи изҳороти Прокуратураи генералӣ боздоштшудагон ба ҷурми даст доштан дар нооромиҳои охири кишвар гумонбар дониста мешаванд», – қайд мешавад дар изҳорот.

Зикр мегардад, ки ҷомеаи Тоҷикистон то имрӯз дар бораи иттиҳомоти фавқуззикр маълумоти дақиқ надоранд ва то кадом андоза асоси қонунӣ доштани онҳоро намедонанд. «Аз ҳамин хотир, мо аз Ҳукумати Тоҷикистон, масъулини ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амниятӣ, ки ба баррасии ин қазияҳо машғуланд, дархост дорем, ки тафтишоти пешакиро бо шаффофияти том ва пешниҳоди маълумоти саривақтӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ба роҳ монанд», – дархост мешавад дар изҳорот.

Ҳамчунин даъват мешавад, ки дар ҷараёни таҳқиқот аз ҳама гуна манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ ва пешдовариҳо сарфи назар бояд кард.  «Мо мутмаинем, ки ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии баёну андеша – шарт ва кафолати пешрафти дилхоҳ давлатест, ки худро демокративу ҳуқуқбунёд унвон мекунад», – изҳори боварӣ мешавад дар фарҷом.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.