Гумонбарии як зани сокини ноҳияи Панҷ ба роҳзанӣ

ASIA-Plus

Мақомоти ҳифзӣ ҳуқуқи ҷумҳурӣ як зани 20-солаи сокини ноҳияи Панҷро дар содир намудани амали роҳзанӣ гумонбар медонанд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 20-солаи сокини ноҳияи Панҷ бо гумони роҳзанӣ дастгир гардид. «Гумонбаршуда, санаи 28 август дар бозори “Ҳоҷи-Шариф”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо […]



Мақомоти ҳифзӣ ҳуқуқи ҷумҳурӣ як зани 20-солаи сокини ноҳияи Панҷро дар содир намудани амали роҳзанӣ гумонбар медонанд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 20-солаи сокини ноҳияи Панҷ бо гумони роҳзанӣ дастгир гардид.

«Гумонбаршуда, санаи 28 август дар бозори “Ҳоҷи-Шариф”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр ба дӯкони соҳибкор, зани 36-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ворид шуда, бо таҳдиди корд аз ӯ якчанд намуди либосҳоро ба маблағи 400-сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст», – омадааст дар хабари ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршуда бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.