Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Сафари ҳайатҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Машварати 20-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти молии назорати молиявӣ идома меёбад; – Дар меҳмонхонаи «Шератон» бахшида ба тамринҳои «Ҳамкории минтақавӣ», ки дар Тоҷикистон мегузарад, нишасти хабарӣ доир мегардад. Ин тамринҳо машқҳои ҳамасолаи бузургмиқёси фармондеҳӣ-ситодии Фармондеҳиии марказии ИМА мебошанд, ки дар ҳамдастӣ бо […]

ASIA-Plus



Анонс



– Сафари ҳайатҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Машварати 20-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти молии назорати молиявӣ идома меёбад;

– Дар меҳмонхонаи «Шератон» бахшида ба тамринҳои «Ҳамкории минтақавӣ», ки дар Тоҷикистон мегузарад, нишасти хабарӣ доир мегардад. Ин тамринҳо машқҳои ҳамасолаи бузургмиқёси фармондеҳӣ-ситодии Фармондеҳиии марказии ИМА мебошанд, ки дар ҳамдастӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ барпо карда мешаванд. Оғоз соати 14-30;

– Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ миёни дастахои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Равшан» (Кӯлоб) вохӯрии аввали даври нифминалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015 доир мегардад. Оғоз соати 16-00;

– Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон ба кори худ идома медиҳад;

– Дар намоишгоҳи нахустини байнулмилалии маҳсулоти истеҳсолӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа (19-23 сентябр) беш аз 20 ширкатҳои эронӣ маҳслуоти худро ба маърази тамошо гузоштаанд.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.4166

сомонӣ;


1

евро –

7.2123

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1035

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи Рӯдакӣ


1961

– Комбинати хонасозии Душанбе мавриди баҳрабардорӣ ва масолеҳи аввалинро истеҳсол кард.


1991

– Дар Душанбе зимни гирдиҳамоии 14-рӯза муҷассамаи В.И.Ленин барканда шуда, фаъолияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон боздошта шуд.


2007

— Дар Душанбе нахусти китобхонаи электронӣ дар Тоҷикистон боз шуд.


2009

— Дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи Рӯдакиро таҷлил намуданд.


2011

— Президенти ҶТ дар маросими ба истифода додани корхонаи «Аввалин»-и истеҳсоли кислотаи глитсеринишуда дар ноҳияи Қубодиён, ки  содирот мешавад, ширкат варзид.


1937

– Зодрӯзи олими адабиётшинос Ҷӯра Бақозода.


1940

– Мавлуди доктори улуми филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +9+14.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +19+24. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +23+25.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.