Сафи тоҷикистониёни корҷӯ дар хориҷи кишвар коҳиш меёбад

Пайрав Чоршанбиев

Моҳи августи соли равон шумори муҳоҷирони кории Тоҷикистон, ки барои корҷӯӣ ба хориҷи кишвар азми сафар мекарданд, беш аз 22% коҳиш ёфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, моҳи гузашта Тоҷикистонро ба хотири дарёфти кор дар хориҷи мамлакат беш аз 45,8 ҳазор нафар тарк кардаанд. Ба иттилои […]



Моҳи августи соли равон шумори муҳоҷирони кории Тоҷикистон, ки барои корҷӯӣ ба хориҷи кишвар азми сафар мекарданд, беш аз 22% коҳиш ёфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, моҳи гузашта Тоҷикистонро ба хотири дарёфти кор дар хориҷи мамлакат беш аз 45,8 ҳазор нафар тарк кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, давоми 8 моҳи соли 2015 ҳудуди 430 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 ҳазору 676 нафар ё худ 9,3% камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи

маълумоти

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба аввали моҳи сентябр ҳудуди 979 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки беш аз 821 ҳазор нафарашонро занон ва зиёда аз 157 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, аввали сол шумори тоҷикистониён дар Русия ба беш аз 999,1 ҳазор нафар мерасид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.