«Тоҷик Эйр» ҳам шумори парвозҳо ба Алмааторо зиёд мекунад

Пайрав Чоршанбиев

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори парвозҳо ба шаҳри Алмааторо зиёд мекунад. Бино ба маълуомти дафтари матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр», аз моҳи октябр ба самти пойтахти ҷанубии Қазоқистон як парвози иловагӣ анҷом дода мешавад. «Акнун ширкат дар як ҳафта ду маротиба – рӯзи панҷшанбе (аз Душанбе) ва рӯзи душанбе (бо хатсайри Хуҷанд-Душанбе-Алмаато) парвозҳо ба самти […]



Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори парвозҳо ба шаҳри Алмааторо зиёд мекунад.

Бино ба маълуомти дафтари матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр», аз моҳи октябр ба самти пойтахти ҷанубии Қазоқистон як парвози иловагӣ анҷом дода мешавад.

«Акнун ширкат дар як ҳафта ду маротиба – рӯзи панҷшанбе (аз Душанбе) ва рӯзи душанбе (бо хатсайри Хуҷанд-Душанбе-Алмаато) парвозҳо ба самти Алмааторо амалӣ месозад», – гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.

Ба иттилои манбаъ, парвоз аз фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба Душанбе соати 07-00 ва аз Душанбе ба Алмаато соати 10-00 сурат гирифта, нархи билет аз Душанбе ба Алмаато – 100 евро ва аз Хуҷанд то Алмаато – 120 евроро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки анҷоми парвози нахустини иловагӣ аз Душанбе ба самти Алмаато рӯзи 5 октябр ба нақша гирифта шудааст.

Қаблан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози хатсайри сеюмро ба самти Душанбе – Алмаато

эълон карда буд

. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби ин ширкат парвозҳо аз Душанбе ба Алмаато ҳафтае се маротиба, рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.