Ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон афзуд

Пайрав Чоршанбиев

Тӯли 8 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон қариб 18% афзуд. Тайи солҳои ахир талабот ба ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон бемайлон зиёд мешавад. Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ҳудуди 220 ҳазор тонна ин навъи […]



Тӯли 8 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон қариб 18% афзуд. Тайи солҳои ахир талабот ба ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

бемайлон зиёд мешавад.


Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ҳудуди 220 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ оварда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 35 ҳазор тонна тонна бештар мебошад.

Аз ҷумла моҳи августи соли равон ба ҷумҳурӣ беш аз 38,7 ҳазор тонна гази моеъ оварда шудааст, ки нисбат ба моҳи августи соли гузашта 16,3  ҳазор тонна зиёдтар аст.

Тоҷикистон маъмулан гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад. Ба миқдори начандон зиёд ба Тоҷикистон гази моеъ ҳамчунин аз Русия ва Туркманистон низ ворид карда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, айни замон беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии кишвар (ахири соли гузашта – 40%) бинобар сабаби гаронии бензин, ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Тайи се соли ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 2,6 маротиба – аз 82 ҳазор тонна дар соли 2012 то ба 295 ҳазор тонна дар соли 2014 афзуд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба 

тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 

ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.