Маркази исломшиносӣ: Ҳидоятҳои А.Нурӣ сарчашмаи тундравӣ ва ифротгароӣ

Date:



Дар сомонаи АМИТ «Ховар тахти унвони

«Ҳидоятҳо»-и Абдуллоҳи Нурӣ сарчашмаи тундравӣ ва ифротгароӣ»

мақолаи Рустам Азизӣ, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид.

Ба андешаи муаллифи мавод, маҷмӯаи суханронӣ ва навиштаҳои Саййид Абдуллоҳи Нурӣ соли 2007 аз ҷониби Кумитаи ҷавонони наҳзати исломии Тоҷикистон бо теъдоди 5000 нусха бо ҳуруфоти форсӣ бо унвони «Он сўи сиёсат» ба табъ расидааст, ки муҳтавои он саршор аз даъватҳо ба хушунат ва хунрезӣ мебошад.

Азизӣ менависад, Саййид Абдуллоҳи Нурӣ, бешубҳа яке аз муассисон ва падарони маънавӣ барои аъзо ва ҳаводорони ҲНИТ мебошад, ки суханрониву роҳнамоиҳои вай ба андеша ва рафтори онҳо пайваста таъсир мерасонад. «Албатта, солҳои баъд аз истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ роҳбарияти ҲНИТ кўшишҳои зиёд намуданд, то барои оқои Нурӣ симои шахсияти илмӣ, равшанфикр, таҳаммулпазир ва ҳатто яке аз меъморони сулҳи тоҷикон эҷод кунанд ва бояд эътироф кунем, ки то андозае дар ин ҷода муваффақ ҳам шуданд. Вале агар бо чашми инсоф бинигарем, маҳз андеша ва «ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад», – омадааст дар мақола.

Муаллиф аз китоби Саийид Абдуллоҳи Нурӣ чунин иқтибосҳо меорад: «Оқои Нурӣ кишвари азизу маҳбуби моро ба таври ошкор «дору-л-куфр» (кишвари куфр) ва «дору-л-ҳарб» (кишвари ҷанг) номидааст» (саҳ. 190) ва «Онҳое, ки феълан дар дорулкуфри Коммунист ҳастанд дар Тоҷикистон дари тавба барои онҳо боз аст ва дари ҳиҷрат низ барояшон боз аст, ки роҳ биёбанд ҳатто як рўз ҳам дар дору-л-ҳиҷрат (яъне, Афғонистон – Р.А,) бошанд» (саҳ. 198).

Азизӣ бар ин назар аст, ки Оқои Нурӣ ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки дар кишвари худ боқӣ монда буданд, кофир хонда, даъват ба рехтани хун ва ғасби моли онҳо мекунад: Касе, ки дар сарзамини душман иқомат меварзад, агарчи донишманди ақидаи ислом аст ва ў қодир аст ба тарафи мусалмонҳо биёяд, агарчи худашро мусалмон мешуморад, ҳукмаш ҳукми мушрик аст, наъузу би-л-Лоҳ. Яъне, ҳукмаш ҳукми як кофир аст. Тасарруф дар молаш ҳалол аст ва хуни ўро ҳам рехтан ҳалол аст» (саҳ. 198).

«Бубинед, ки чӣ гуна оқои Нурӣ, ки наҳзатиён ўро устод ва пешвои рўҳонии худ мешуморанд, даъват ба рехтани хун ва тасарруф дар молу номуси тоҷикон мекунад. Худ қазоват намоед, ки аз дастпарварони мадрасаи чунин устод чӣ чизеро метавон таваққўъ кард?! Аҷибаш ин аст, ки ин ақрабмиҷозон ҳатто баъд аз афв ва пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар аз интишори «ҳидоят» ва даъват ба хушунату тундравӣ даст накашидаанд, вагарна чаро ба ҷои тавбаву пушаймонӣ аз амалҳои нангини худ Кумитаи ҷавонони наҳзати исломӣ маҷмўаи суханрониҳои инсонситез ва тоҷикситезу ватанситезии оқои Нуриро бо чунин теъдоди бузург ба табъ расонида, байни аъзои ҷавони ҳизби худ паҳн мекунанд. Дар муқоваи китоб акси оқои Нурӣ ва ҷангиёни мусаллаҳи хориҷӣ омадааст. Ин ҷо суоли мантиқие ба миён меояд, ки ҷангиёни кишвари дигар чӣ рабте ба наҳзатиҳо доранд?», – қайд мекунад муаллиф.

Дар фарҷоми мақола муаллиф изҳори умедворӣ мекунад, ки мақомоти дахлдор ва ниҳодҳои қудратӣ ин қабил китобҳои саршор аз даъватҳои ифротиро мамнўъ эълон намуда, онро аз дасти аъзои феълӣ ва собиқи ҲНИТ мусодира менамоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....