Ярмаркаи маҳсулоти арзони кишоварзӣ барои кормандони ВКД ва КДАМ

Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти  Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои вазорат ба муносибати фарорасии «Иди Қурбон» ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барои ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру […]

ASIA-Plus



Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти  Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои вазорат ба муносибати фарорасии «Иди Қурбон» ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барои ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи марказ оварда шуданд. Меваю сабзавоти тару тоза себу ангур, ноку шафтолу ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум: пиёзу картошка, караму сабзӣ, биринҷ, нахуд, гушту тухм, асал, тарбуз, каду, кабудӣ дар муқоиса бо нархи бозор 50 %  арзонтар пешкаши харидорон гардид.

Гуфта мешавад, дар ин ярмарка 70 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пешкаш гардида, як килограмм гушт 20 сомонӣ, асал аз 20 то 30 сомонӣ, биринҷ 5 сомонӣ, себу нок ва ангур аз 2 то 5 сомонӣ, картошкаю пиёз ва сабзӣ бо нархи 1 сомонӣ, тарбуз, каду 2-3 сомонӣ, 1 дона тухм 40 дирамро ташкил медод.

Зимнан зикр мегардад, ки харидорон барои ташкили чунин ярмарка ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, бо хариди маводи аввалия дастархони идонаи худро дар арафаи Иди Қурбон боз ҳам ғанитар гардониданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.