Мақоми 141-уми Тоҷикистон аз нигоҳи сатҳи дастрасӣ ба шабакаи Интернет

Дар гузориши нави  Иттифоқи байнулмилалии  алоқаи электрикӣ «Вазъи алоқаи хатти васеъ»»  гуфта мешавад, ҳамагӣ 17,5%-и аҳолии Тоҷикистон ба шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрасӣ доранд. Дар рейтинги аз ҷониби коршиносони ин Иттифоқ таҳияшуда оид ба сатҳи истифодаи Интернет миёни 191 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 141-умро касб кардааст. Пешсафони ин рейтинг кишварҳои Исландия (сатҳи фарогирии аҳолӣ – 98,2%), […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар гузориши нави  Иттифоқи байнулмилалии  алоқаи электрикӣ


«Вазъи алоқаи хатти васеъ»»


 гуфта мешавад, ҳамагӣ 17,5%-и аҳолии Тоҷикистон ба шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрасӣ доранд.

Дар рейтинги аз ҷониби коршиносони ин Иттифоқ таҳияшуда оид ба сатҳи истифодаи Интернет миёни 191 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 141-умро касб кардааст. Пешсафони ин рейтинг кишварҳои Исландия (сатҳи фарогирии аҳолӣ – 98,2%), Норвегия (96,3%) ва Дания (96%) мебошанд.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар дар Қазоқистон (54%) аз Интернет истифода мекунанд, ки дар рейтинг ба зинаи 73-юм гузошта шудааст. Ӯзбекистон дар мақоми 93-юм (43,6%), Қирғизистон – зинаи 118-ум (28,3%) ва Туркманистон – мақоми 153-юм (12,2%) қарор доранд. Русия зинаи 44-умро ишғол намуда, сатҳи дастрасии аҳолиаш ба шабакаи Интернет 70,5%-ро ташкил медиҳад.

Сатҳи аз ҳама пасттарини дастрасӣ ба Интернет дар кишварҳо Африқо ба қайд гирифта шудааст, ки ба гунаи мисол дар Гвинея он ба камтар аз 2%-и аҳолӣ дастрас аст.

Дар гузориши Иттифоқи байнулмилалии  алоқаи электрикӣ таъкид мешавад, ки то ҳол ҳудуди 4 млрд. нафар аҳолии сайёра ба шабакаи Интернет дастрасӣ надошта, аз истифодаи имконоту афзалиятҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоии ин шабака маҳруманд.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки айни замон 43% аз аҳолии ҷаҳон, ки ба 3,2 млрд нафар баробар аст, имкони дастрасӣ ба шабакаи Интернетро дошта, дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ин танҳо барои 35%-и аҳолӣ дастрас аст ва дар 48 кишвари аз ҳама камтар рушдёфта ҳудудуи 90%-и аҳолӣ имкон надоранд, ки аз шабакаи Интернет истифода кунанд.

Гуфта мешавад, имрӯз дар 79 кишвари дунё беш аз нисфи аҳолӣ имкон доранд, ки ба шабакаи Интрнет пайваст шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.