Муҳсин Туркии эронӣ довари бозии «Истиқлол» бо «Кувайт»

ASIA-Plus

Довари 41-солаи эронӣ Муҳсин Туркӣ сардовари бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи Конфедератсия футболи Осиё-2015 миёни дастаҳои «Кувайт» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) таъин шуд. Ин бозӣ рӯзи 30 сентябр дар Эл-Кувайт доир мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Муҳаммадризо Абулфазлӣ ва Сайид Алинаҳзуддин ёварони сардовар ва Бунёдифард Моуд довари эҳтиётӣ таъин шудаанд. […]



Довари 41-солаи эронӣ Муҳсин Туркӣ сардовари бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи Конфедератсия футболи Осиё-2015 миёни дастаҳои «Кувайт» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) таъин шуд. Ин бозӣ рӯзи 30 сентябр дар Эл-Кувайт доир мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Муҳаммадризо Абулфазлӣ ва Сайид Алинаҳзуддин ёварони сардовар ва Бунёдифард Моуд довари эҳтиётӣ таъин шудаанд.

Салим Саид бин Хазим Ал-Сувайдӣ аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба ҳайси нозири доварон ва Бенҷамин Тан аз Сингапур ба сифати комиссари ин бозӣ ифои вазифа мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи КФО-2015 миёни дастаҳои «Кувайт» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) рӯзи 30 сентябр дар Эл-Кувайт соати 19-20 ба вақти маҳаллӣ (21-20 ба вақти Душанбе) оғоз гардида, бозии ҷавобӣ санаи 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе (оғоз соати 17-00) баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи се кишвари дорои ифлостарин ҳаво дар ҷаҳон қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.