Раиси пойтахт шаҳрвандонро ба ҳамкорӣ бо ҳукумат даъват кард

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 21 сентябр машварати корӣ баргузор намуда, дар он масъалаҳои беҳбуди вазъи санитариву экологӣ дар шаҳр ва ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблан қабулшудаи шаҳрдорӣ дар ин самт баррасӣ шуданд. Дар машварат роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини дастгоҳи раиси пойтахт ҳузур доштанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 21 сентябр машварати корӣ баргузор намуда, дар он масъалаҳои беҳбуди вазъи санитариву экологӣ дар шаҳр ва ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблан қабулшудаи шаҳрдорӣ дар ин самт баррасӣ шуданд. Дар машварат роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини дастгоҳи раиси пойтахт ҳузур доштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, зимни машварат сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти мақомоти шаҳрдорӣ Толиб Раҳимов таъкид доштааст, ки корхонаву ташкилотҳои воқеъ дар қаламрави шаҳр барои аз Душанбе берун бурдани партовҳо тадбирҳои саривақтӣ намеандешанд. Дар ин робита раиси пойтахт ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки барои ҳалли ин мушкилот чораҳои муассир рӯйи кор гиранд.

Ҳамчунин раиси шаҳр зимни таҳлили фаъолияти 45 гурӯҳи таблиғотии ахири моҳи август ташкилшуда, ки ба хотири миёни аҳолӣ фаҳмонидану ташвиқ кардани эҳтироми арзишҳои миллӣ ва даст кашидан аз сарулибоси бегона таъсис ёфта буданд, аз сокинони пойтахт даъват кардааст, ки аз ин иқдом дар канор намонда, дар кори таъмини сулҳу субот дар ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар ҳамкорӣ кунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар машварат ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба омодагии шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистон, ҷараёни корҳои азнавсозии роҳҳо ва мушкилоти мавҷудаи бахши нақлиёту коммуникатсия низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.