Ҳамлагари «Бавария» дар 9 дақиқа 5 гол зад!

ASIA-Plus

Дар бозии даври 6-уми мусобиқаи Чемпионати Олмон оид ба футбол дар вохӯрӣ бо дастаи «Волфсбург» ҳамлагари дастаи «Бавария» Роберт Левандовски дар муддати 9 дақиқа ба дарвозаи ҳариф 5 гол зад. Ин бозӣ ба ҳисоби 5 бар 1 ба фоидаи дастаи «Бавария» анҷом ёфт. Хабаргузории Sports.ru менависад, ин пента-трик, ки дар муддати 9 дақиқа сурат гирифт, […]



Дар бозии даври 6-уми мусобиқаи Чемпионати Олмон оид ба футбол дар вохӯрӣ бо дастаи «Волфсбург» ҳамлагари дастаи «Бавария» Роберт Левандовски дар муддати 9 дақиқа ба дарвозаи ҳариф 5 гол зад. Ин бозӣ ба ҳисоби 5 бар 1 ба фоидаи дастаи «Бавария» анҷом ёфт.

Хабаргузории Sports.ru менависад, ин пента-трик, ки дар муддати 9 дақиқа сурат гирифт, аз ҳама зудтарин дар таърихи топ-4-и чемпионатҳои Аврупо маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин дар доираи топ-4-и чемпионатҳои Аврупо қаблан ба ҳеҷ касе муяссар нашуда буд, ки баъди иваз шудан ба бозӣ баромадан 5 тӯбро ба ҳадаф расонад (Левандовски дар қисми дуюми вохӯрӣ ба бозӣ баромад).

Дар чемпионати футболи Испания ин рекорд ба Ладислав Кубале (5 гол дар зарфи 19 дақиқа соли 1952), дар чемпионати Англия ба Ҷермейн Дефо (5 гол дар зарфи 36 дақиқа соли 2009) ва дар чемпионати Италия ба Мирослав Клозе (5 гол дар зарфи 39 дақиқа соли 2013) мансуб аст.

https://www.youtube.com/watch?v=R9etcjimYN4

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.