А.Зуев: Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон баланд боқӣ мемонад

Пайрав Чоршанбиев

Дар мусоҳиба ба Радиои СММ ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев изҳор доштааст, ки сарфи назар аз вазъи мусбати иқтисодӣ тайи солҳои ахир, бахусус давраи баъди ҷанги шаҳрвандӣ, Тоҷикистон ба ҳар ҳол кишваре боқӣ мемонад, ки дар он сатҳи камбизоатӣ ба қадрӣ кофӣ баланд аст. Ӯ қайд кардааст, ки тӯли 10 соли ахир сатҳи […]



Дар


мусоҳиба


ба Радиои СММ ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев изҳор доштааст, ки сарфи назар аз вазъи мусбати иқтисодӣ тайи солҳои ахир, бахусус давраи баъди ҷанги шаҳрвандӣ, Тоҷикистон ба ҳар ҳол кишваре боқӣ мемонад, ки дар он сатҳи камбизоатӣ ба қадрӣ кофӣ баланд аст.

Ӯ қайд кардааст, ки тӯли 10 соли ахир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 82% то ба 34% коҳиш ёфт, вале ба ҳар ҳол, ин нишондиҳанда ҳам баланд аст.

А.Зуев ҳамчунин муҳим будани рушди баробариии гендерӣ барои Тоҷикистонро таъкид дошта, зикр кардааст, ки «ин яке аз бахшҳоест, ки дар он иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола муяссар нагардид». «Дар соҳаи баробарии гендерӣ, бахусус иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷараёни қабули қарор дар ҳамаи сатҳҳо мушкилот боқӣ мемонад», – иброз доштаст ӯ.

Ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки барои Тоҷикистон ҳадафҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ аҳамияти хеле муҳим доранд. «Мутаассифона, муддати 5-6 сол вазъ дар мавсими зимистон хеле душвор аст, бахусус дар деҳот, ки аксари аҳолӣ танҳо 2-3 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ин албатта комилан ғайриқаноатбахш буда, аз ин рӯ, вазифаи мазкур ҳамчун афзалияти миллии рушд дар сатҳи давлатӣ ифода ёфта, ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола онро тақвият мебахшад», – гуфтааст Александр Зуев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.