Дастури вазири мудофиа бобати ба хизмат даъват шудани ҷавонони солим ва босавод

Аваз Юлдошев

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо рӯзи 22 сентябр дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҳарбӣ бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ машваратӣ корӣ доир намуд, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ (1 октябр) ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ баррасӣ шуданд. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин […]



Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо рӯзи 22 сентябр дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҳарбӣ бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ машваратӣ корӣ доир намуд, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ (1 октябр) ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ баррасӣ шуданд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вазир ба ҳозирин оид ба ташкили даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ қатъиян дар доираи қонунгузории кишвар супоришҳои мушаххас дод.

«Ба комиссарони ҳарбии минтақаҳо дастур дода шуд, ки қабули шаҳрвандонро ба роҳ монанд, то ки оид ба масъалаҳое, ки ҳаллашон дар маҳал имконпазир аст, волидони даъватшавандагон ба сохторҳои ҷумҳуриявӣ муроҷиат накунанд», – гуфт Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, вазири мудофиа таъкид доштааст, ки шумори даъватшавандагон ба сафҳои артиши миллӣ чандин маротиба аз талаботи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар зиёдтар аст ва ин имкон медиҳад, ки ба сафҳои артиш бештар ҷавонони солим ва босавод даъват карда шаванд.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 22 сентябр дар маҷлисгоҳи Вазорати мудофиа муовини нахуствазири кишвар, роҳбари комиссияи ҷумҳуриявии ташкили маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласаи муштараки намояндагони сохторҳои қудратӣ ва Вазорати тандурустиро баргузор намудааст.

Дар ин машварат зикр гардидааст, ки дар маъракаҳои пешини даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳолатҳои ба қадри кофӣ омӯхта нашудани шахсияти даъватшавандагони ҷудогона, муоинаи носаҳеҳи тиббии онҳо ва содир шудани ҷиноятҳои коррусионӣ дар ин самт ба мушоҳида расидаанд.

Муовини нахуствазир ба иштирокдорони ҷаласа оид ба ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.