Facebook, Odnoklassniki ва YouТube боз ба тоҷикистониён дастрас шуданд

ASIA-Plus

Ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба видеохостинги YouТube ва шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Odnoklassniki-ро барқарор намуданд. Барои корбарони тоҷикистонӣ айни замон дастрасӣ ба ин шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни монеъа аст. Аммо дастрасӣ ба сомонаи Радиои Озодӣ то ҳол маҳдуд аст. Дастрасӣ ба сомонаҳои мазкур ва торнамои Радиои Озодӣ ахири моҳи августи соли равон бо дастури Хадамоти […]



Ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба видеохостинги YouТube ва шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Odnoklassniki-ро барқарор намуданд. Барои корбарони тоҷикистонӣ айни замон дастрасӣ ба ин шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни монеъа аст.

Аммо дастрасӣ ба сомонаи Радиои Озодӣ то ҳол маҳдуд аст. Дастрасӣ ба сомонаҳои мазкур ва торнамои Радиои Озодӣ ахири моҳи августи соли равон бо дастури Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон қатъ гардида буд. Сабабҳои ин амал шарҳу тавзеҳ дода нашуда буданд.

Торнамои Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар ин робита иттилоъ дода буд, ки 25 август ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет дар бораи маҳдуд кардани дастрасӣ ба чанде аз сомонахо дастури расмии хаттӣ ирсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон Асомиддин Атоев зимни суханронӣ дар машварати САҲА дар Варшава оид ба иҷрои уҳдадориҳо доир ба ченаки инсонӣ аз ҳукумат

даъват кард

, ки ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дастрасии озодона ба Интернет ва дигар сарчашмаҳои муоири иттилоот таъмин карда шавад.

Дар суханронии худ А.Атоев таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба маҳдудиятҳои аз ҷониби мақомоти ҳукумат суратгирифта ба дастрасӣ ба Интернет ҷалб кард.

Ӯ қайд кард, ки тайи ду моҳи ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ дастрасӣ ба видеохостинги YouТube ва шабакаи иҷтимоии Facebook маҳдуд гардида, ахири моҳи август барои корбарони тоҷикистонӣ шабакаи Odnoklassniki ва торнамои Радиои Озодӣ дастнорас шуданд.

Атоев таъкид доштааст, ки «ин маҳдудиятҳои нофаҳмову ғайриқонунии дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон то ҳол идома доранд».

Ба андешаи ӯ, чунин амалҳо натанҳо ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистонро поймол мекунанд, балки манфиатҳои иқтисодии кишварро низ нодида мегиранд.

Атоев хотиррасон намудааст, ки мувофиқи уҳдадориҳо назди Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Тоҷикистон бояд танзимгари мустақили телекоммуникатсионӣ таъсис бидиҳад. «Мутаассифона, танзимгари амалкунандаи ватанӣ ҳама гуна масъулият оид ба қатъи дастрасӣ ба сомонаҳоро инкор мекунад», – иброз доштааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.