Фарогирии 189 сокини Варзоб ба касбомӯзӣ ва омӯзиши забони русӣ

ASIA-Plus

Хадамоти мухоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб курсҳои омӯзиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро ташкил кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти мазкур, айни замон дар он 189 нафар сокинон барои касбомӯзӣ ва омӯзиши забони русӣ машғуланд, ки 80 […]



Хадамоти мухоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб курсҳои омӯзиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро ташкил кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти мазкур, айни замон дар он 189 нафар сокинон барои касбомӯзӣ ва омӯзиши забони русӣ машғуланд, ки 80 нафари онҳо занҳо мебошанд.

Гуфта мешавад, мувофиқи нақшаи корӣ, рӯзҳои қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта ду маротиба бо тариқи шифоҳӣ ва ҳамарӯза тариқи телефон ҷорӣ карда шудааст. Ба бахши Хадамоти муҳоҷират то ба ин муддат 367 нафар тариқи шифоӣ ва 38 нафар тариқи телефонӣ муроҷиат намуданд ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар самти пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ бошад, муайян карда шудааст ки дар ҶДММ «Исинзян Инхай» корхонаи хиштбарорӣ теъдоди 12 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иҷозатнома кору фаъолият доранд. Дар ҶДММ «Тоҷикистон» корхонаи сементбарорӣ, конҳои ангишти «Зиддӣ» ва «Санғалт» шаҳрвандони хориҷӣ бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима фаъолият намуда истодаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.