Имзои Ёддошти ҳамкорӣ миёни АНМН ва Прокуратураи генералии Кореяи Ҷанубӣ

Аваз Юлдошев

Дар шаҳри Чеджуи Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 22 сентябр конфронси 25-уми роҳбарони мақомоти зидди маводи нашъаовар оид ба таҳкими ҳамкории байнулмилалӣ (ADLOMICO) ба кор шурӯъ кард, ки дар он намояндагони мақомоти зидди маводи нашъаовари 27 кишвари саросари дунё ва 8 созмони байнулмилалӣ иштирок мекунанд. Конфронс рӯзи 24 сентябр ба итмом мерасад. Сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи […]



Дар шаҳри Чеджуи Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 22 сентябр конфронси 25-уми роҳбарони мақомоти зидди маводи нашъаовар оид ба таҳкими ҳамкории байнулмилалӣ (ADLOMICO) ба кор шурӯъ кард, ки дар он намояндагони мақомоти зидди маводи нашъаовари 27 кишвари саросари дунё ва 8 созмони байнулмилалӣ иштирок мекунанд. Конфронс рӯзи 24 сентябр ба итмом мерасад.

Сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими ифтитоҳи конфронс директори АНМН генерал-лейтенант Рустам Назарзода суханронӣ намуда, сипас дар ҳузури иштирокчиёни он миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти ҳамкорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккилона ба имзо расид.

Ҳамин рӯз ҳамчунин зимни мулоқоти Р.Назарзода бо прокурори генералии Ҷумҳурии Корея ва роҳбари департамент оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккилонаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди минбаъдаи онҳо баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар ва рушди ҳамкории байнулмилалӣ дар ин самт ба ҳозирин муаррифӣ гардид, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди иштирокдорони конфронс шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

11 сол зиндон ба сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб. Ӯ барои тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ гумонзад буд

Додгоҳи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ аз буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.