Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар чорабиниҳои АБП ИДМ дар Санкт-Петербург

ASIA-Plus

Раиси Кумита оид ба масоили ҳифзи иҷтимоӣ, оила ва тандурустии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз, 23 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои коршиносон оид ба тандурустии назди Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия иштирок мекунад. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ […]



Раиси Кумита оид ба масоили ҳифзи иҷтимоӣ, оила ва тандурустии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз, 23 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои коршиносон оид ба тандурустии назди Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия иштирок мекунад.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи иҷлосия оид ба масъалаҳои солимии занон дар партави стратегияи глобалии ҳифзи солимии аҳолӣ мутахассисон масъалаҳои вазъи экология, солимии репродуктивии занон ва рушди демографиро баррасӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Қиёмиддин Миралиён низ рӯзҳои 23-25 сентябр дар кори иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург ширкат меварзад.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи ин иҷлосия ҷаласаи шашуми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, вохӯрии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ бо намояндагони доираҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ ва кории шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷетро тасарруф кард”. Сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст

Додгоҳи ноҳияи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷа гумонзад мешуд, ба 11...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.