Пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ 34% афзуд

ASIA-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи идомаи афзоиши устувори бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии мамлакат хабар медиҳад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар интиҳои моҳи августи соли равон нишондиҳандаи мазкур 8 263,1 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,0 фоиз зиёд мебошад. «Тавре таҳлилҳои таркиби […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи идомаи афзоиши устувори бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии мамлакат хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар интиҳои моҳи августи соли равон нишондиҳандаи мазкур 8 263,1 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,0 фоиз зиёд мебошад.

«Тавре таҳлилҳои таркиби бақияи пасандозҳо нишон доданд, 40,3 фоизи пасандозҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 59,7 фоизи пасандозҳои дигар ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Таҳлили боло бори дигар аз зиёд шудани боварии мардум ба низоми бонкии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад», -омадааст дар маълумоти бонк.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,61 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,63 фоизи солонаро ташкил намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.