Раёсати Э.Раҳмон дар чорабиниии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор

ASIA-Plus

Дар ҳошияи нишасти СММ оид ба рушди устувор дар Ню-Йорк таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Таиланд Ниваттхумронга Бунсонгпайсан рӯзи 27 сентябр чорабинии сатҳи баланд доир мегардад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба Радиои СММ ҳамоҳангсози домии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин чорабинӣ ба рушди ҳамкорӣ дар […]



Дар ҳошияи нишасти СММ оид ба рушди устувор дар Ню-Йорк таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Таиланд Ниваттхумронга Бунсонгпайсан рӯзи 27 сентябр чорабинии сатҳи баланд доир мегардад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба


Радиои СММ


ҳамоҳангсози домии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин чорабинӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи об, мушкилоти истифодаи об, маҷроҳои фаромарзии об ва дигар паҳлӯҳои масъалаҳои марбут ба об бахшида хоҳад шуд. «Дар ин самт (дар масоили ҳамкорӣ дар соҳаи об) Тоҷикистон кишвари пешсафи эътирофшуда аст», – иброз доштааст Зуев.

Номбурда таъкид доштааст, ки моҳи июн дар Душанбе ҳамроҳ бо Дабири кулли СММ конфронси бузурги сатҳи баланд баргузор шуд, ки дар кори он бисёре аз сарони кишварҳо, вазирон, роҳбарони воҳидҳои СММ – маъмури БРСММ Хелен Кларк, котибони иҷроияи ЭСКАТО ва ЕЭК СММ, чанде аз нахуствазирони кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон – Афғонистону Қирғизистон ва дигарон ҳузур доштанд.

Ба қавли Зуев, Тоҷикистон маъмулан аз ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкорӣ дар бахши об пуштибонӣ намуда, дар ин самт бо ташаббусҳои зиёд ва лоиҳаҳои қатъномаҳои Ассамблеяи генералии СММ оид ба ин масъалаҳо ибрози назар кардааст.

«Мо мутмаинем, ки Тоҷикистон ба ин амалҳо идома дода, СММ ва кишварҳои узви он ва аз ҳама муҳимаш, ҳамаи шарикони кишвар дар доираи ташкили истифодаи пурсамари об ва ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об ба ин иқдомҳо баҳои арзанда медиҳанд», – қайд кардааст ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.