Ҳукумат тартиби индексатсияи нафақаҳоро тасдиқ кард

ASIA-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 23 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Лоиҳаҳои қонунҳо […]



Нимаи дуюми рӯзи 23 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи ҶТ, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, “Дар бораи боҷи гумрукӣ”, “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, “Дар бораи монополияҳои давлатӣ” ва ҳамчунин ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карда  шуд.

Ба баррасии палатаи поёнии парлумон ҳамчунин хулосаҳои ҳукумат ба лоиҳаҳои қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” ва “Дар бораи маориф” ирсол гардиданд.

Бо қарорҳои ҳукумати ҶТ муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, муассисаи давлатии “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ”, Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба муташаккилона ва босифат анҷом додани рухсатдиҳии сарбозони муҳлати хизмати ҳарбияшон анҷомёфта ва даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти 9-моҳаи хоҷагии халқи кишвар, омодагӣ ба мавсими зимистон, аз ҷумла масоили вобаста ба омодасозии иншооти таъминкунандаи барқу гармӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб супоришҳои мушаххас гузошт.

Дар ҷамъбасти маҷлис президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозирин ва ҳамаи мардуми Тоҷикистонро бо арафаи иди Қурбон табрик гуфта, нафарони саховатпешаю савобҷӯйро ба кумакрасонӣ ба ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳидоят намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?