Кушта шудани қочоқбари навбатии афғон дар марз

ASIA-Plus

Шаби 22 ба 23 сентябри соли равон дар асоси маълумоти фаврӣ дар яке аз дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии Шаҳритус кормандони Гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон, дар хатти асосии иншооти муҳандисии қитъаи сарҳадии  Тоҷикистону Афғонистон амалиёти махсус гузарониданд. Бино ба иттилои АМИТ […]



Шаби 22 ба 23 сентябри соли равон дар асоси маълумоти фаврӣ дар яке аз дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии Шаҳритус кормандони Гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон, дар хатти асосии иншооти муҳандисии қитъаи сарҳадии  Тоҷикистону Афғонистон амалиёти махсус гузарониданд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, дар вақти убури ғайриқонунии хатти сарҳад  миёни қочоқчиён, ки аз 4-5 нафар иборат буданд ва сарҳадбонони тоҷик задухӯрди мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа чанд нафар қочоқчиён захмдор ва як нафари онҳо  кушта мешавад ва боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ба тарафи Афғонистон баргаштаанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса як ҷасади қочоқчии 40-45 солаи афғон Ҷаббор Валади Оқил, сокини деҳаи Қулӯхтепаи вулусволии Қалайзори вилояти Қундуз, як адад милтиқи шикории думиллаи 16 мл  бо тирҳояш, 2 адад норинҷаки дастаи тамғаи  РГД-5 ва зиёда аз 16 кг маводи мухаддир дарёфт шуда, баъдан ҷасад расман ба намояндагони сарҳадии Афғонистон супорида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?