Нақби «Истиқлол» барои ҳаракати нақлиёт боз мешавад

Нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди «Душанбе – Хуҷанд имрӯз барои ҳаракати нақлиёт боз мешавад. Аз Вазорати нақлёти ҷумҳурӣ ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар робита ба анҷоми корҳои бетонрезӣ дар нақб, ҳукумат тасмим гирифт, ки аз соати 10-и субҳи имрӯз тамоми маҳдудиятҳо барои ҳаракати ҳамаи навъҳои автомобилҳо тариқи ин нақбро, ки аз […]

Аваз Юлдошев



Нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди «Душанбе – Хуҷанд имрӯз барои ҳаракати нақлиёт боз мешавад.

Аз Вазорати нақлёти ҷумҳурӣ ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар робита ба анҷоми корҳои бетонрезӣ дар нақб, ҳукумат тасмим гирифт, ки аз соати 10-и субҳи имрӯз тамоми маҳдудиятҳо барои ҳаракати ҳамаи навъҳои автомобилҳо тариқи ин нақбро, ки аз 22 июни соли равон ҷорӣ шуда буданд, бекор намояд.

Ахири моҳи июли соли ҷорӣ муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев зимни нишасти хабарӣ

дар ин робита изҳор намуда буд

, ки корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол» моҳи октябр ба итмом расида, айни замон ширкати эронии «Собир» ба корҳои марбут ба низоми заҳбур (дренаж)-и нақб машғул аст ва шабонарӯзӣ дохили нақб 150 метр бетонрезӣ мешавад.

Кобили зикр аст, ки 

рӯзи 7 июли соли равон

  дар Теҳрон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба идомаи бозсозии нақби Истиқлол дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ – қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, корҳои иловагии сохтмону бозсозии он то ҳанӯз идома дорад.

Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки аввали моҳи июни соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо вазири кишвари Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ 

изҳор дошта буд,

 ки барои татбиқи амалии санадҳои имзошуда ҷаҳди бештар бояд кард.

Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.